Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Нигаронии Созмони Милали Муттаҳид Душанбе, 08 январ.(АМИТ «Ховар»)-Тавре ки дар торномаи интернетии Кайҳон Нюс омадааст, Созмони Милали Муттаҳид аз вазъи феълии Ҷумҳурии Африқои Марказӣ изҳори нигаронӣ мекунад. Бино ба иттилои ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ теъдоди қурбониёни бархурдҳо дар ин кишвар ба садҳо нафар расидааст. Ғайр аз ин, дар пайи авҷ гирифтани задухӯрдҳои таслиҳотӣ ҳудуди 500 ҳазор нафар иҷборан тарки манзил кардаанд. Таркиш дар Либия Душанбе, 08 январ.(АМИТ «Ховар»)-Дирӯз дар наздикии бинои яке аз додгоҳҳои шаҳри Бенғозии Либия таркиши сахт ба амал омад. Дар пайи ҳодиса 4 тан аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҷон бохта, 6 каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ба гуфти расонаҳои дохили кишвар ҷинояткори номаълум мошини ҳомили таҷҳизоти таркандаро тавассути дастгоҳи идоракунандаи фосилавӣ инфиҷор додааст. Бар асари зарбаи сахти инфиҷор қисми зиёди бинои додгоҳ ва дигар иншооти маъмурӣ пурра хароб гардид. Кормандони мақомоти дахлдор аз рӯи ҳодиса тафтишот мебаранд.Муноқишаҳо дар Нигерия Душанбе, 08 январ.(АМИТ «Ховар»)-Ҳафтаи равон дар қисми марказии Нигерия бар асари муноқишаҳои қабилавӣ 30 нафар ба ҳалокат расид. Моҳи ноябри соли ҷорӣ дар 3 минтақаи қисми шимолу шарқии Нигерия ҳукуматдорон вазъияти фавқулодда эълон карда буданд.Мувофиқи иттилои расида. нооромиҳо беш аз 20 ҳазор сокини музофотҳои қисми шимолу шарқии Нигерияро ба тарки манзил маҷбур сохтанд. Аз рӯи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати кишвар дар давоми як соли нооромиҳо аксар сокинони минтақаҳои даргир ба ҷойҳои нисбатан ором, аз ҷумла ба кишварҳои ҳамсоя — Камерун ва Нигер ҳиҷрат намуданд. Мвофиқи ҳисоботи оморӣ аз соли 2009-ум инҷониб дар пайи ҳамлаҳои гуруҳҳои ҷиноятпеша дар Нигерия 3 ҳазору 600 нафар ҷон бохтаанд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






