Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Январь 17, 2014 17:24

Пахши Шабакаи интернетии «Ти-ЭМ-Зет»Душанбе, 17 январ.(АМИТ «Ховар»)-Шабакаи интернетии «Ти-ЭМ-Зет» наворҳоеро пахш намуд, ки дар он аз ҷониби низомиёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҷозот ва қатли ваҳшиёнаи маҳбусони Ироқ намоиш дода шудааст. Вале коршиносони соҳаи сиёсати Ироқ бар он ақидаанд, ки артиши Иёлоти Муттаҳида бояд дар мавриди наворҳои пахшгардида тафтишот гузаронда, баъдан чора андешад. Зеро низомиёни ИМА бори аввал нест, ки дар содир намудани чунин амалҳои даҳшатовар айбдор карда шавад. Бояд гуфт, ки наворҳо соли 2004-ум дар шаҳри Фалуҷаи Ироқ сабт гардидааст. Тасмими Ҳукумати Полша Душанбе, 17 январ.(АМИТ «Ховар»)- Ҳукумати Полша тасмим гирифтааст, ки дар давоми панҷ моҳи ояндаи соли ҷори 500 нафар афсари худро аз ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон берун орад. Мувофиқи маълумоти расонаҳои хабарии дохили кишвар дар ҳудуди Афғонистон 1,5 ҳазор сарбозу афсари Полша мустақар мебошад. Вале Ҳукумати Полша қаблан ваъда дода буд, ки давоми соли 2014 шумораи низомиёни худро дар ҳудуди Афғонистон то 500 нафар коҳиш медиҳад. Изҳори Вазири молияи Британияи КабирДушанбе, 17 январ.(АМИТ «Ховар»)-Дирӯз Ҷорҷ Орзбан дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони дохил ва хориҷи кишвар, ки дар шаҳри Лондон баргузор гардид, изҳор дошт, ки дар сурати ба инобат нагирифтани манфиати мамлакатҳои дорои асъори миллӣ кишвараш аз Иттиҳоди Аврупо даст мекашад. Пешниҳоди Фаронса бар ОлмонДушанбе, 17 январ.(АМИТ «Ховар»)-Ҷумҳурии Олмон лоиҳаи пешниҳоднамудаи президенти Фаронса Франсуа Оландро оид ба ислоҳот дар соҳаи давлатдорӣ хуб пазируфт. Расонаҳои дохили кишвар мегӯянд, ки роҳбари Қасри Елесей сиёсати иқтисодии худро аз тарзи сотсиалистӣ ба сотсиал-демократӣ табдил додааст. Ин дар ҳолест, ки баъзе расонаҳои бонуфузи ҷаҳон Фаронсаро давлати гирифтори буҳрони шадиди молӣ нишон медиҳанд. Ҷоизи қайд аст, ки пас аз интихоб шудани Франсуа Оланд ба ҳайси президенти Фаронса, Олмон ҳамеша аз ӯ барои гузарондани ислоҳот даъват мекард. Мутахассисон бошанд, дар Фароса гузарондани ислоҳоти куллиро мушкил арзёбӣ мекунанд. Гузориши Созмони Милали Муттаҳид Душанбе, 17 январ.(АМИТ «Ховар»)- Мувофиқи гузориши нави Созмони Милали Муттаҳид айни замон 9,3 миллион нафар шаҳрвандони Сурия аз норасоии маводи ғизоӣ ва оби нӯшиданӣ азият мекашанд. Оиди ин масала дабири кулли созмони мазкур Пан Ги Мун аз кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон даъват ба амал овард, ки барои кумак ва бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ба Сурия дар ҳаҷми 6,5 миллиард доллар кумаки худро расонанд. Ва низ вазири корҳои хориҷии Сурия иброз доштааст, ки созмонҳои зиддахл бо мақсади рафъи низоъҳо дар ин кишвар музокиротро то ҳол идома дода истодаанд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Январь 17, 2014 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд