Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Январь 23, 2014 12:07

Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар»).-Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Исроил шаҳри Байт-Ҳануни Исроилро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор доданд. Мувофиқи иттилои котиби матбуотии неруҳои ҳарбӣ- ҳавоии Исроил силоҳбадастони гурӯҳи «Ал-Қудс» ҳудуди Исроилро мавриди гулӯлаборон қарор додаанд.  Дирӯз кормандони сохторҳои қудратии Покистон зимни амалиёти махсус дар Вазиристони Шимолӣ 40 нафар ҷангҷӯи Ҳаракати «Толибон»-ро безарар намуданд. Гуфта мешавад, ки тӯли як ҳафта аст, ки амалиёти ҳавоии мақомоти қудратии Покистон бар зидди силоҳбадастон дар минтақаҳои гуногуни кишвар идома доранд. Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 23 нафар бо зукоми парранда ё худ вируси «H7 N9» ба қайд гирифта шуд. Ҳукуматдорон аз сокинони кишвар талаб доранд, ки барои худдорӣ кардан аз сафар ба минтақаҳое, ки дар онҳо зукоми парранда ба қайд гирифта шудааст, муваққатан худдорӣ намоянд. Ҷоизи зикр аст, ки соли 2013 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 199 нафар мубталои зукоми парранда гардида, 52 нафари онҳо аз олам гузаштанд. Президенти муваққатии Ҷумҳурии Африқои Марказӣ Кетрин Самба-Панза аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ки барои таъмини сулҳу субот ба ин мамлакат кӯмак кунанд. Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини амният дар минтақаҳои қисми ҷанубу ғарбии мамлакат гурӯҳҳои ихтиёрии мудофиавӣ ташкил шудаанд. Вале таҳлилгарони ҳукуматӣ бар он ақидаанд, ки эҳтимол ин иқдоми гурӯҳҳои ихтиёрӣ ба дубора авҷ гирифтани хушунату даргириҳо боис гардад. Дирӯз конфронси сулҳ оид ба Сурия- «Женева-2» бо сухани ифтитоҳии котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун дар шаҳри Монтрёи Швейтсария ба кори худ оғоз намуд.Гуфта мешавад, ки чорабинӣ дар меҳмонхонаи Паласи шаҳри Монтрёи Швейтсария ҷараён дорад. Дар конфронси мазкур зиёда аз 40 давлати ҷаҳон, вазирони корҳои хориҷӣ ва 700 нафар хабарнигор ширкат доранд. Конфронс ду рӯз давом хоҳад кард. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Январь 23, 2014 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад