Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар»).-Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Исроил шаҳри Байт-Ҳануни Исроилро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор доданд. Мувофиқи иттилои котиби матбуотии неруҳои ҳарбӣ- ҳавоии Исроил силоҳбадастони гурӯҳи «Ал-Қудс» ҳудуди Исроилро мавриди гулӯлаборон қарор додаанд. Дирӯз кормандони сохторҳои қудратии Покистон зимни амалиёти махсус дар Вазиристони Шимолӣ 40 нафар ҷангҷӯи Ҳаракати «Толибон»-ро безарар намуданд. Гуфта мешавад, ки тӯли як ҳафта аст, ки амалиёти ҳавоии мақомоти қудратии Покистон бар зидди силоҳбадастон дар минтақаҳои гуногуни кишвар идома доранд. Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 23 нафар бо зукоми парранда ё худ вируси «H7 N9» ба қайд гирифта шуд. Ҳукуматдорон аз сокинони кишвар талаб доранд, ки барои худдорӣ кардан аз сафар ба минтақаҳое, ки дар онҳо зукоми парранда ба қайд гирифта шудааст, муваққатан худдорӣ намоянд. Ҷоизи зикр аст, ки соли 2013 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 199 нафар мубталои зукоми парранда гардида, 52 нафари онҳо аз олам гузаштанд. Президенти муваққатии Ҷумҳурии Африқои Марказӣ Кетрин Самба-Панза аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ки барои таъмини сулҳу субот ба ин мамлакат кӯмак кунанд. Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини амният дар минтақаҳои қисми ҷанубу ғарбии мамлакат гурӯҳҳои ихтиёрии мудофиавӣ ташкил шудаанд. Вале таҳлилгарони ҳукуматӣ бар он ақидаанд, ки эҳтимол ин иқдоми гурӯҳҳои ихтиёрӣ ба дубора авҷ гирифтани хушунату даргириҳо боис гардад. Дирӯз конфронси сулҳ оид ба Сурия- «Женева-2» бо сухани ифтитоҳии котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун дар шаҳри Монтрёи Швейтсария ба кори худ оғоз намуд.Гуфта мешавад, ки чорабинӣ дар меҳмонхонаи Паласи шаҳри Монтрёи Швейтсария ҷараён дорад. Дар конфронси мазкур зиёда аз 40 давлати ҷаҳон, вазирони корҳои хориҷӣ ва 700 нафар хабарнигор ширкат доранд. Конфронс ду рӯз давом хоҳад кард. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






