Чаро донишҷӯ даст ба савдои мухаддирот мезанад?
Душанбе, 29.01.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҷараёни амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДАМ ҶТ) 21 январи соли ҷорӣ дар ҳудуди кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрвандони ҶТ Одинаев Муҳиддин Шоабдураҳмонович, соли таваллудаш 1993, зодаи ноҳияи Мир Сайд Алии Ҳамадонӣ, тоҷик, муҷаррад, донишҷӯи соли 2-юми факултаи маркетинги Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, к. Борбад-72 ва Раззоқов Фирдавс Фарҳодович, соли таваллудаш 1993, зодаи ноҳияи Мир Сайд Алии Ҳамадонӣ, тоҷик, муҷаррад, донишҷӯи соли 3-юми факултаи омодагии дифои Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, к. Федин-8 дастгир гардиданд. Ҳангоми азназаргузаронии макони қарордошти шахсони мазкур аз дохили сумкаи варзишии мутааллиқ ба Фирдавс Раззоқов 2 бастаи селофанӣ бо маводи ҷигарранги бӯи махсусдоштаи монанд ба чарс дарёфт ва мусодира шуд.
Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни тафтиш муайян шуд, ки Муҳиддин Одинаев 1 бастаи маводи мухаддирро ба шаҳрванд Давлатов Беҳрӯз Нусратуллоевич, соли таваллудаш 1991, ҷойи таваллудаш ноҳияи Данғара, тоҷик, муҷаррад, донишҷӯи соли 4-уми факултаи гӯштингирии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон фурӯхтааст. Дар навбати худ, Беҳрӯз Давлатов дар асоси маслиҳати пешакӣ ин маводи нашъадорро ба шаҳрванд Абдуллозода Ҳусейни Иброҳим, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рудакӣ, маълумоташ миёна, муҷаррад, ронандаи мошини кироя ба савдо задааст. Зимни идомаи амалиёт Абдуллозода Ҳусейни Иброҳим боздошт гардида, аз ҳуҷраи истиқоматии ӯ 1 бастаи маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид.
Ҳамин тавр, дар натиҷаи амалиёти мазкур аз дастгиршудагон Муҳиддин Одинаев, Фирдавс Раззоқов, Беҳрӯз Давлатов ва Ҳусейн Абдуллозода дар маҷмӯъ 2 килограмму 662 грамм маводи мухаддири навъи чарс мусодира гардида, ҳаракатҳои ҷиноятии онҳо бобати ба даст овардани даромади муфт аз харидуфурӯши маводи мухаддир пешгирӣ шуд.
Дар айни замон нисбат ба ашхоси мазкур бо дастрасии моддаи 200 қ.З КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ давом дорад.
Мавриди зикр аст, ки қочоқ ва харидуфурӯши маводи нашъадор ба амнияту суботи ҷомеа, рушди давлатдорӣ ва пешрафти ҳар як кишвар хатари бевосита дорад. Мутаассифона, баъзе аз ҷавонони мо ба ҷойи таҳсили дуруст ва ба роҳ мондани зиндагии шоиста даст ба ин ҷинояти вазнин мезананд. Сохторҳои дахлдори мамлакат, аз ҷумла раёсати мактабҳои олӣ бояд ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






