Чорабинӣ ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи иҷтимоӣ

Январь 20, 2014 15:16

Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Бо ибтикори муаллимону донишҷӯёни факултаи фалсафаи кафедраи фаъолияти иҷтимоии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи иҷтимоӣ, ки ҳар сол 25 январ таҷлил мегардад, чорабинии махсус роҳандозӣ шуд. Дар ҳошияи ин чорабинӣ дар Маркази хидматрасонии иҷтимоии нафақахӯрону маъюбон барномаи консертӣ ташкил гардида, ба аъзои марказ ёрии моддӣ расонида шуд.Мувофиқи суханони директори Маркази хидматрасонии иҷтимоии нафақахурону маъюбони шаҳри Душанбе Мунаввара Сатторова, дар марказ, ки ҳамаи шароити заруриро дорост, 39 нафар ба таври доимӣ зиндагӣ мекунанд.Ба гуфтаи Мунаввара Сатторова, дар ин марказ 24 нафар кормандони баландихтисос фаъолият доранд.

Январь 20, 2014 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш