Cистемаи нави бақайдгирӣ дар «Тоҷик Эйр»

Январь 29, 2014 11:23

Душанбе, 29.01.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).-  «Ҷамъияти  саҳҳомии  шакли  кушодаи «Тоҷик Эйр» ба  манзури  беҳдошти   хидматрасонӣ  дар  соли  2013  системаи  бақайдгирии  мусофирон DCS «Астра» — ро рӯи  кор  овард, ки  он  тартиби  бақайдигириро  хеле  осон  намуда,  ҷараёни  хидматрасонии  мусофирон дар  фурудгоҳро тезонид», —  гуфт  дар   нишасти  матбуотӣ   директори  Ҷамъияти  саҳҳомии  шакли кушодаи  «Тоҷик  Эйр»  Фирӯз  Ҳамроев.
 
Мувофиқи  суханони  роҳбари   ширкати  мазкур,  системаи  нав  имкон  медиҳад, ки  ҷараёни бақайдгирӣ ва  парвози  ҳавопаймоҳо  дар  ҳамаи   фурудгоҳҳо  назорат  карда шавад. 
 
«Соли  ҷорӣ  ширкати «Тоҷик  Эйр» системаи  бақайдгирии  электронӣ  ва  фурӯши  чиптаҳо  барои  хатсайрҳои   дохилиро  ба  кор  бурданист», —  зикр  намуд Фирӯз  Ҳамроев.

Январь 29, 2014 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш