Д. Саймуддинов — ҷоизадори «Манучеҳри Фарҳангӣ»

Январь 10, 2014 16:59

Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).-Имрӯз зимни ҷаласаи солонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури олимону донишмандони ҷумҳурӣ эълон гардид, ки олими варзидаи ҷумҳурӣ Додихудо Саймуддинов соҳиби ҷоизаи байналмилалии «Манучеҳри Фарҳангӣ» гардид. Мавриди зикр аст, ки профессор Манучеҳри Фарҳангӣ аз нафарони фарҳангӣ ва мудири литсейҳои байналмилалии Испания буд, ки пас аз маргаш писараш Ромин Фарҳангӣ ба хотири падараш ҷоизаи «Манучеҳри Фарҳангӣ»-ро таъсис дод.Ҷоизаи байналмилалии «Манучеҳри Фарҳангӣ» барои пажуҳишҳои илмӣ дар риштаи осори таърихӣ, осори забонҳои бостон ва миёнаи эронӣ, фарҳанги гузашта ва ҳарчи тадқиқоте, ки дар ин риштаҳо анҷом дода мешаванд, ҳамасола ба олимони пажуҳишгар супорида мешавад. Дар соли 2013 ин ҷоиза барои пажуҳишҳо дар риштаи забонҳои форсии миёна дар солҳои гуногун ба олими забоншинос Додихудо Саймуддинов насиб гардид. Пештар аз ин аз Тоҷикистон ба ин ҷоиза донишмандону сиёсатмадороне, чун Носирҷон Салимов, Низомиддин Зоҳидов, Ғиёсов, Акбар Турсон ва Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ мушарраф гардида буданд. Ёдовар мешавем, ки ҷоизаи байналмилалии «Манучеҳри Фарҳангӣ» ҳамасола ба беҳтарин донишмандони риштаҳои таърих, забон, ҷуғрофиё, чопи осор бо забони форсии тоҷикӣ дода мешавад.

Январь 10, 2014 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд