Дахолати бевоситаи Сарвари Давлат ба ҳалли мушкилоти мардум

Январь 14, 2014 16:22

Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Дар соли 2013 ба Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ҳазору 987 адад аризаву дархостҳои шаҳрвандон ворид гаштааст, ки нисбат ба соли 2012 ба маротиб зиёд мебошад. Дар ин давра шаҳрвандон бештар доир ба масъалаҳои таъмини манзил- 2092 адад (соли 2012-ум 963 адад), ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзил ва ташкили хоҷагии деҳқонӣ-1052 адад (соли 2012-ум 674 адад), нафақа-225 адад (соли 2012-ум 194 адад), масъалаҳои соҳаи тандурустӣ- 491 адад (соли 2012-ум 220 адад) ва маориф 765 адад (соли 2012-ум 319 адад) ариза ирсол намуданд, ки онҳо саривақт мавриди баррасии ашхоси масъул қарор гирифта, аксарашон ҳалли мусбии хешро ёфтанд. Бо назардошти ҳолатҳои ҷойдошта пешниҳод мешавад, ки мақомоти марказии марбутаи соҳавӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мушкилоти зикршударо мавриди омӯзишу таҳлили амиқ қарор дода, доир ба рафъи онҳо қарорҳои идоравӣ қабул ва иҷрои онро таъмин намоянд.Мавриди зикр аст, ки чун солҳои қаблӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2013 ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита дар баррасии аризаҳои шаҳрвандон иштирок намуда, ба ҳаллу фасли муроҷиатҳои шаҳрвандон мусоидат намуд.

Январь 14, 2014 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад