Дахолати бевоситаи Сарвари Давлат ба ҳалли мушкилоти мардум
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Дар соли 2013 ба Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ҳазору 987 адад аризаву дархостҳои шаҳрвандон ворид гаштааст, ки нисбат ба соли 2012 ба маротиб зиёд мебошад. Дар ин давра шаҳрвандон бештар доир ба масъалаҳои таъмини манзил- 2092 адад (соли 2012-ум 963 адад), ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзил ва ташкили хоҷагии деҳқонӣ-1052 адад (соли 2012-ум 674 адад), нафақа-225 адад (соли 2012-ум 194 адад), масъалаҳои соҳаи тандурустӣ- 491 адад (соли 2012-ум 220 адад) ва маориф 765 адад (соли 2012-ум 319 адад) ариза ирсол намуданд, ки онҳо саривақт мавриди баррасии ашхоси масъул қарор гирифта, аксарашон ҳалли мусбии хешро ёфтанд. Бо назардошти ҳолатҳои ҷойдошта пешниҳод мешавад, ки мақомоти марказии марбутаи соҳавӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мушкилоти зикршударо мавриди омӯзишу таҳлили амиқ қарор дода, доир ба рафъи онҳо қарорҳои идоравӣ қабул ва иҷрои онро таъмин намоянд.Мавриди зикр аст, ки чун солҳои қаблӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2013 ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита дар баррасии аризаҳои шаҳрвандон иштирок намуда, ба ҳаллу фасли муроҷиатҳои шаҳрвандон мусоидат намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






