Дар дорухона бояд мутахассис кор кунад
Хоруғ, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Солҳои охир шумораи дорухонаҳо ва нуқтаҳои доруфурӯшӣ дар шаҳри Хоруғ ва маркази ноҳияҳо ба таври бесобиқа афзоиш ёфтанд. Сабаб он аст, ки доруфурӯшӣ соҳаи сердаромад маҳсуб мешавад ва шахсони касбу кори гуногун ҳар чӣ бештар ба ин намуди фаъолият рӯ меоранд. Аммо Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар ВМКБ ба дунболи санҷиши назоратӣ ба дари чанд дорухона дар шаҳри Хоруғ муҳр зад. Ҳамзамон ин хадамот соли равон аз дорухонаҳо ба миқдори бештар аз 40 ҳазор сомонӣ доруворӣ ва маводи ороишии шубҳанокро мусодира намуд. Ба гуфтаи роҳбари хадамот Зуҳро Олимшоева тибқи қонун ба фаъолияти фармасевтӣ танҳо ашхосе, ки мутахассиси соҳаи фармесевтӣ мебошанд, машғул шуда метавонанд. Аммо бархе аз ашхосе, ки ба доруфурӯшӣ дар дорухонаҳо машғул ҳастанд, иддао мекунанд, ки онҳо таҷрибаи кофии кор дар муассисаҳои тиббӣ доранд ва на камтар аз мутахассиси фармасевт доруҳоро медонанду барои ҳамин ҳам ба доруфурӯшӣ машғул мешаванд. Вале роҳбари хадамот чунин тарзи муносибат ба доруфурӯширо нодуруст ва ғайриқонунӣ шумурда, гуфт, ки вазифаашон на танҳо фурӯхтани дору аст, балки онҳо бояд аз хосият ва тарзи истифодаи дору огоҳӣ дошта бошанд. Дар шаҳри Хоруғ 22 ва умуман дар вилоят 58 дорухона ба мизоҷон хизмат мерасонанд. Вале бештари дорухонаҳо мутахассисони фармасевт надоранд. Ба гуфтаи роҳбари Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар ВМКБ ҳадафи санҷишҳои назоратӣ ба танзим даровардан ва ба қонун мутобиқ сохтани фаъолияти фармасевтӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят буда, онҳо бовар доранд, ки пурзӯр намудани назорат барои боз ҳам боло бурдани сифати хизматрасонӣ дар дорухонаҳо мусоидат мекунад , то афроде, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғул ҳастанд, битавонанд ба таври касбӣ дорувории дармонбахшу арзон ва сифатан аълоро ба мардум пешниҳод кунанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






