Дар Исфара ҳаҷми истеҳсолот меафзояд
Хуҷанд, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Дадабоев).- Соли 2013 ҳаҷми маҳсулоти корхонаҳои саноатии Исфараи вилояти Суғд 200 миллион сомониро ташкил дода ва баробари 20 фоиз афзуд.
Тавре ки аз маъмурияти шаҳри Исфара хабар доданд, соли гузашта корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 195 миллиону 900 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2012 баробари 32 миллиону 500 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра ҳиссаи саноатчиёни шаҳр ба рушди буҷети давлат 45 фоизро ташкил дод. Соли гузашта дар ин шаҳр 11 корхонаи нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Имрӯз дар шаҳру деҳоти Исфара 21 корхонаи саноатӣ ва 29 коргоҳи истеҳсолӣ фаъолият доранд. Соли гузашта нисбат ба соли 2012 ба миқдори зиёд ангишт, семент, хишт, спирт ва меваи хушк тавлиду таҳия гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






