Дар натиҷаи 8 ҳодисаи нохуш 8 нафар ҳалок гашт
Душанбе, 20 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — «Дар соли 2013 дар натиҷаи 8 ҳодиса дар саноат 16 нафар зарар дида, аз онҳо 8 нафар ҳалок ва 8 нафар ҷароҳат бардошт»,- гуфт Сиҷоуддин Мирзоев, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ. Сабаби асосии ин ҳодисаҳои нохуш риоя накардани бехатарӣ дар саноат ва соҳаи куҳкорӣ мебошад. Бино ба маълумоти Сиҷоуддин Мирзоев 5 ҳодиса дар ширкати хитоии «Горпром» ва 4 ҳодиса дар НБО Роғун рух додааст. Кормандони хадамот дар соли сипаригашта ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба бехатарии саноатӣ 411 машварати техникӣ баргузор намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






