Дар пойтахт бинои 30 – ошёнаи Хадамоти алоқа бунёд мешавад
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Дар маҳалли бинои Почтамти асосии аз байн бурдашудаи шаҳри Душанбе барои ҳамаи ниҳодҳои Хадамоти алоқаи ҶТ, «Тоҷиктелеком» ва Почтаи асосӣ бинои 30 – ошёна бунёд мегардад. Дар ин бора сардори Раёсати иттилооти интернет – провайдери миллии «Тоҷиктелеком» Алибек Бекназаров ба АМИТ «Ховар» хабар дод.Мувофиқи суханони номбурда, лоиҳаи сохтмони бинои зикршуда фақат аз ҳисоби маблағҳои Хадамоти алоқаи ҶТ дар амал татбиқ мегардад. Муаллифони бинои нав мутахассисони кишвар, Русия, Олмон ва мутахассисони дигар мебошанд. «То имрӯз ин бинои баландтарини пойтахт ба шумор меравад», — гуфт Алибек Бекназаров. Бинои 30 – ошёна баъди чор сол мавриди истифода қарор мегирад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






