Дар соли 2013 дар натиҷаи сӯхтор 8 ноболиғ ба ҳалокат расид
Душанбе, 28 январ.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). «Дар соли 2013 дар Тоҷикистон 1330 сӯхтор рух дод, ки дар натиҷа 24 нафар ба ҳалокат расиданд. Соли 2012 1266 сӯхтор ба қайд гирифта шудааст», — дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳмон Бузмаков хабар дод.
Зикр карда шуд, ки: «ҳамаи сӯхторҳо аз вайрон намудани қоидаҳои истифодабарии асбобҳои электрикӣ сар задаанд».
Зарари умумии сӯхтор 15 миллион сомониро ташкил додааст. А.Бузмаков ҳамчунин зикр кард, ки бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохуши сӯхтор санҷиши зиёда аз 45 ҳазор иншоот ва 600 ҳазор манзили истиқоматӣ гузаронида шуда, 10 ҳазор ҳолати сар задани сӯхтор пешгирӣ ва ба маблағи зиёда аз 223 миллион сомонӣ молу маҳсулот аз нобудшавӣ нигоҳ дошта шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






