Даромади солонаи «Тоҷикматлубот» чӣ қадар аст?

Январь 27, 2014 11:59

Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). — Ҳиссаҷудокунӣ аз ҳама намуди андоз ба буҷети кишвар зиёда аз 38 млн. сомониро ташкил намуд, ки назар ба соли 2012-ум 6,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ 27 январ раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев иттилоъ дод. Вай афзуд, ки даромади умумии нақшаи бадастомада — 124,4 млн. сомонӣ, афзоиши он нисбат ба соли гузашта 13 млн. сомонӣ зиёд аст. Ҳаҷми умумии муомилоти чаканаи мол дар ин давра 149 млн. сомонӣ буда, нисбат ба соли сипаришуда 2,2 млн. сомонӣ зиёд иҷро шудааст.Ба иттилои масъулин, корхонаҳои истеҳсоли соҳа ба маблағи 26 млн. сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол кардаанд. Аз ҷумла, истеҳсоли маводи ғизоӣ 25 млн. сомониро ташкил дод.

Январь 27, 2014 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш