Дастаи «Истиқлол» мураббиашро иваз кард
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Олег Ширинбеков, сармураббии дастаи «Истиқлол», ки тобистони соли гузашта ба ин вазифа таъйин шуда буд, аз мақомаш барканор гардида, ба ҷои ӯ Мубин Эргашев мураббии дастаи «Истиқлол» таъйин шуд. Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, Эргашев моҳи феврали соли гузашта ба унвони сармураббии дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд таъйин шуда буд ва то ин замон дар ин вазифа фаъолият дошт. Шоҳрух Саидов, раиси дастаи “Истиқлол” сабаби барканории Ширинбековро дар “иҷро нашудани вазифаҳо” унвон кардааст. Ба гуфтаи мавсуф, бо қарори Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаҳои Лигаи олиро танҳо мураббиёне сарварӣ хоҳанд кард, ки муҷаввизи дараҷаи “А” доранд. “Ширинбеков танҳо иҷозатномаи дараҷаи “Б”-ро дорад ва ин имкон намедиҳад, ӯ сармураббии дастаи “Истиқлол” бошад”. Дастаи “Истиқлол” барои ҳамкорияш ба Олег Ширинбеков изҳори сипос карда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъда муваффақият хостааст. Ёдрас мешавем, ки Олег Ширинбеков, собиқ ҳимоятгари дастаи пуровозаи “Помир”, моҳи июли соли 2013 сармураббии нави дастаи “Истиқлол”-и Душанбе таъйин шуд. Ӯ соли 1963 дар ноҳияи Шаҳринав таваллуд шуда, Устоди варзиши собиқ ИҶШС (1987) мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






