Дастовардҳо дар Панҷакент назаррасанд
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳор Худойбердиева).-Дар мақомоти иҷроияи давлатии маҳаллии шаҳри Панҷакент бо ширкати хабарнигорони маҳалливу ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.Раиси шаҳр Хусрав Абдуназаров аз фаъолияти соҳаи мухталифи хоҷагии халқи шаҳр дар тӯли соли гузашта гузориш дода, аз ҷумла иброз дошт, ки дар ин давра нақшаи даромадҳои худи буҷети маҳаллӣ иҷро шуд.Аз тарафи корхонаҳои саноатии шаҳр дар моҳҳои январ-декабри соли 2013 ба буҷет ба маблағи умумии 98 миллиону 589 ҳазору 108 сомонӣ андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоӣ ворид гардиданд. Аз ҷумла, аз ҳисоби ҶДММ КМ «Зарафшон» ба маблағи 97 миллиону 752 ҳазору 819 сомонӣ, аз ҳисоби дигар корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 836 ҳазору 289 сомонӣ.Чун ҳарвақта вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ самти афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи давлатии маҳаллии шаҳри Панҷакент мебошад. Дар ин радиф соли 2013 бинои нави мактаби таҳсилоти умумии асосии рақами 45-и деҳаи Марғузори ҷамоати деҳоти Шинг, таъмири бинои мактаби №4 ва беморхонаи деҳаи Чимқалъаи ҷамоати деҳоти Саразм ба анҷом расонида шуд.«Умуман, мо аз натиҷаҳои истеҳсолии аксар идораву ташкилотҳо, хоҷагиву корхонаҳои ҳудуди шаҳр қаноатмандем, агарчанде дар баъзе самтҳои хоҷагидории мо норасоиҳо ба чашм мерасанд. Мекӯшем, ки дар давоми сол онҳо бартараф шаванд ва ба натиҷаҳои беҳтар ноил гардем»,- гуфт Хусрав Абдуназаров, раиси шаҳри Панҷакент.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






