Дэвид Мауто — бозингари нави хориҷии «Истиқлол»
Душанбе, 13 январ. (АМИТ«Ховар»).- Ду карат қаҳрамони мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол, ниммуҳофизи 22 – солаи Гана Дэвид Мауто, ки тайи ду мавсими охир дар дастаи «Равшан» — и шаҳри Кулоб қувваозмоӣ намуд, бозингари дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе гардид. Назар ба хабари клуби футболи «Истиқлол», 11 январ қарордоди байни клуб ва футболбози зикршуда имзо гардид. Акнун Дэвид Мауто дар дастаи «Истиқлол» таҳти рақами 14 қувваозмоӣ менамояд. Хотирнишон месозем, ки Дэвид Мауто дар мавсими соли 2013 бозингари беҳтарини хориҷӣ дар мусобиқоти Тоҷикистон дониста шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






