ДМТ барои қабули магистрони буҷавӣ иҷозат гирифт

Январь 14, 2014 15:56

Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Манижаи Баҳромзода) Соли 2013 аз 1 ҳазору 168 нафар устодону кормандони илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ 1 ҳазору 77 нафар (92,2%) иштирок намуданд, ки дар байни онҳо 121 нафар профессорону докторон ва 487 нафар номзадону дотсентон мебошанд.Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ 14 январ муовини ректор оид ба таълими ДМТ Абдусалом Миралиев иттилоъ дода, зикр намуд, ки дар донишгоҳ 244 нафар магистрон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд,ки аз ин миқдор 230 нафарашон шаҳрвандони ватанӣ ва 14 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар соли таҳсили 2013-2014 мувофиқи фармоишҳои ректори донишгоҳ 123 нафар магистрон ба курси 1-ум қабул шуданд. Вобаста ба дархости раёсати донишгоҳ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули 300 нафар магистрон ба гуруҳҳои буҷавии ДМТ иҷозат дод.

Январь 14, 2014 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд