Э. Раҳмон “Сатҳи камбизоатӣ аз 38,2 фоизи соли 2012 то 35,6 фоиз коҳиш ёфт”

Январь 15, 2014 19:40

Душанбе, 15 январ. (АМИТ “Ховар”). — Соли 2013 дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ҳамчун соли вусъати амалҳои созанда, сулҳу суботи комил ва таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон, аз ҷумла ваҳдати миллӣ гардида, дар ин сол барои идомаи раванди рушди босуботи мамлакат заминаҳои устувор гузошта шуданд. Ин нуктаро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи ҷамъбастии солонаи Ҳукумати мамлакат зикр намуда, гуфт, ки Дар соли 2013 даромадҳои пулии аҳолӣ 18 фоиз ва музди моҳонаи як корманд 21,5 фоиз афзуда, сатҳи камбизоатӣ аз 38,2 фоизи соли 2012 то 35,6 фоиз коҳиш ёфт. Бино ба иттилои Президент татбиқи аксари лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, кишоварзиву обтаъминкунӣ ва маорифу тандурустӣ ба деҳоти мамлакат рост меояд. Бо ин мақсад то ба имрўз 47,8 миллиард сомонӣ ё қариб 10 миллиард доллар равона гардидааст, ки 82 фоизи он маблаѓҳои буҷети давлат мебошад. Ҳамзамон бо ин, барои рушди деҳот, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳо, обтаъминкуниву сохтмони муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар иншооти муҳим дар 3 соли оянда ҷудо кардани беш аз 18 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад.

Январь 15, 2014 19:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад