Фаъолияти 33 нуқтаи автоматҳои бозӣ қатъ гардид
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Вақтҳои охир дар ҷумҳурӣ нуқтаҳои автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ зиёд шуда истодаанд.Тибқи иттилои Прокуратураи генералии ҶТ, санҷишҳо нишон доданд, ки автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ баъди қатъ намудани фаъолияташон дар Федератсияи Русия ба ҷумҳурӣ ворид шуда, бо истифода аз иҷозатномаҳои Вазорати молия барои ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото ғайриқонунӣ қиморхонаҳо ташкил намуда, шаҳрвандонро ба бозӣ ҷалб намудаанд. Дар ин нуқтаҳо аксар ноболиғон ва шахсони зудбовару сабукфикр машғули бозӣ шуда, маблағҳои калони пулӣ бой медиҳанд. Инчунин ноболиғон филмҳои зӯроварӣ ва фаҳшро тамошо менамоянд, ки ба тарбияи онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Дар асоси чораҳои андешидаи кормандони прокуратура дар ҳамкорӣ бо Вазорати молия, то имрӯз фаъолияти 33 адад чунин нуқтаҳо қатъ карда шуда, 8 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам ҳолатҳои зиёди бе иҷозатнома фаъолият намудани чунин нуқтаҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Норак, Турсунзода, Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҳисор ва Ёвон ҷой доранд.Тавре ки манбаъ афзуд, дар натиҷаи пурзӯр намудани пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткории ноболиғон дар соли 2013 725 ҷиноят ошкор ва сабт шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2012 100 ҷиноят ё 16 фоиз зиёд мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






