Фаъолияти Донишкадаи забонҳо
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко).- Соли 2013 – ум 452 нафар донишҷӯён, аз ҷумла, 254 нафар аз рӯи ихтисоси омӯзгорӣ ва 123 нафар аз рӯи ихтисоси тарҷумонӣ Дошикадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзодаро хатм карданд. Дар соли таҳсили 2013 – 2014 – ум 660 нафар донишҷӯён ба курси якум дохил шуданд. Дар донишкада шуъбаи магистратура фаъолият дорад, ки дар он 40 нафар донишҷӯён аз рӯи се ихтисос таҳсил мекунанд. Дар ин бора ректори Донишкадаи забонҳо Хуршед Зиёев ба журналистон хабар дод.Мувофиқи суханони Хуршед Зиёев, дар донишкада 11 нафар муаллимони Куриёи Ҷанубӣ, Чин, Миср ва ИМА дарс медиҳанд. «Алҳол дар донишкада факултаҳои филологияи рус, забонҳои шарқӣ, забонҳои романию олмонии таҳсилоти ғоибонаю сайёр фаъолият доранд. Соли 2013 дар 15 кафедра 2 ҳазору 129 нафар донишҷӯён, аз ҷумла 190 нафари онҳо мувофиқи квота таҳсил намуданд», — гуфт Хуршед Зиёев.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






