Фаъолияти устодони хориҷӣ дар ДДЗТ

Январь 23, 2014 14:55

Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Дар доираи робитаҳои хориҷии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (ДДЗТ) ба номи Сотим Улуғзода 11 нафар омӯзгорон аз хориҷи кишвар ба ҳайси кормандони штатӣ аз рӯи шартномаи меҳнатӣ дар донишкада фаъолият доранд. Ин нуқта 23 январ зимни нишасти матбуотии ДДЗТ зикр гардид. Зикр шуд, ки аз ин 11 нафар 4 нафар аз Куриёи Ҷанубӣ, 4 нафар аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, 1 нафар аз Ҷумҳурии Мисри Араб, 1 нафар аз ИМА ва 1 нафар омӯзгори забони португалӣ аз Федератсияи Русия мебошанд. Бояд гуфт, ки дар ДДЗТ 26 нафар аз хориҷа, аз ҷумла 15 нафар донишҷӯ, 5 аспирант ва 6 шунаванда таҳсил мекунад. Бино ба маълумоти масъулин ҳоло 32 нафар донишҷӯёни ДДЗТ дар Чин, 5 нафар дар Куриёӣ Ҷанубӣ, 3 нафар дар Ҷопон таҳсил менамоянд.

Январь 23, 2014 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш