ФФТ беҳтаринҳоро муаррифӣ мекунад

Январь 7, 2014 15:52

Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Рӯзи 10-уми январи соли равон Федератсияи футболи кишвар беҳтарин бозингаронро эълон мекунад.Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи мазкур хабар додааст, дар ин чорабинӣ, ки дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»- и Душанбе доир мегардад, бозингарон, мураббиён ва доварону собиқадорони футбол иштирок мекунанд. Гуфта мешавад, ки дар чорабинӣ маросими супоридани медалҳои тилло,нуқра ва биринҷии Ҷоми Тоҷикистон-2013 ба дастаҳои лигаи олии кишвар доир мешавад.Ҳамчунин дар ҷашнвора беҳтарин дарвозабон, беҳтарин ҳимоятгар, беҳтарин нимҳимоятгар, беҳтарин ҳамлагар, беҳтарин мураббӣ, беҳтарин довар, беҳтарин бозингарони берун аз кишвар бозӣ мекунанд, беҳтарин бозингарон миёни занон, беҳтарин бозингарони футзал, беҳтарин бозингарон миёни наврасон, беҳтарин мураббии кӯдакон ва беҳтарин футболбози Тоҷикистон эълон хоҳад гардид.

Январь 7, 2014 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш