Фунт аз муомилот гирифта мешавад?

Январь 28, 2014 09:40

 
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).-  Бонки Англия эълон намуд, ки аз 30 апрели соли 2014 пули коғазии 50 фунти намунаи куҳнаро, ки дар он акси Ҷон Хаублон тасвир ёфтааст, аз муомилот мебарорад. Пулҳои номбурда то рӯзи нишондодашуда дар муомилот озод гардиш мекунанд. Дар давоми якчанд моҳи баъд аз муомилот баровардани онҳо бонкҳо ва ҷамъиятҳои сохтмонӣ ин пулҳоро ба сифати амонат дар суратҳисоби мизоҷон қабул хоҳанд кард.   
     Аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон  иттилоъ доданд, ки ҳамчунин ташкилотҳои молиявӣ, аз қабили Barclays, RBS, NatWest ва Ulster Bank and the Post Office эълон карданд, ки пулҳои коғазии 50 фунтаи номбурдаро дар ҳаҷми то 200 фунт дар шуъбаҳои худ дар кишварҳои дигар то 30 апрели соли 2014 иваз менамоянд. 
     Бонки Англия ҳамеша пулҳои коғазии куҳнаи худро иваз хоҳад кард. 
     Пулҳои коғазии 50 фунтаи нав бо акси Ҷеймс Уатт ва Метю Болтон, ки соли 2011 ба муомилот бароварда шудаанд, дар муомилот мемонанд ва метавонанд ба таври озод истифода шаванд. 
 
 
 

Январь 28, 2014 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад