«Гуфтумон» дӯстдорони фалсафаро ба ҳам меорад
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Имрӯз бо ибтикори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик Баҳоваддинов маҳфили илмии фалсафӣ таҳти унвони «Гуфтумон» баргузор гардид.
Аз котиботи Академияи илмҳо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар маҳфили мазкур олимону муҳаққиқон иштирок дошта, дар мавзӯи «Вазъи ҷаҳонбиниҳо дар Тоҷикистони муосир» маърӯзаҳо намуданд ва нозукиҳову дурнамои онро ба таври муфассал мавриди баҳс қарор доданд.
Дар маҳфил президенти Академияи илмҳо, доктори илмҳои физика-математика Фарҳод Раҳимов иштирок карда, нигоҳе ба забони тоҷикӣ, ки имрўзҳо ҳамчун забони илм будани он эътироф гардидааст, маърӯза намуд.
Дар охир иштирокдорон ба хулоса омаданд, ки чунин маҳфил бо маърӯзаи олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ бо иштироки дустдорону ҳаводорони соҳаҳои гуногуни илм моҳе ду маротиба доир гардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






