«Гуфтумон» дӯстдорони фалсафаро ба ҳам меорад

Январь 30, 2014 16:43

 
 
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Имрӯз бо ибтикори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик Баҳоваддинов  маҳфили илмии фалсафӣ таҳти унвони  «Гуфтумон» баргузор гардид.  
Аз котиботи Академияи илмҳо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар маҳфили мазкур олимону муҳаққиқон иштирок дошта, дар мавзӯи «Вазъи ҷаҳонбиниҳо дар Тоҷикистони муосир» маърӯзаҳо намуданд ва   нозукиҳову дурнамои онро ба таври муфассал мавриди баҳс қарор доданд. 
Дар  маҳфил президенти Академияи илмҳо, доктори илмҳои физика-математика Фарҳод Раҳимов иштирок карда, нигоҳе ба забони   тоҷикӣ, ки имрўзҳо ҳамчун забони илм будани он эътироф гардидааст, маърӯза намуд. 
Дар охир иштирокдорон ба хулоса омаданд, ки чунин маҳфил бо маърӯзаи олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ бо иштироки дустдорону ҳаводорони соҳаҳои гуногуни илм моҳе ду маротиба доир гардад.
 
 
 
 

Январь 30, 2014 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш