Гурӯҳҳои ҷинояткор фош гардиданд
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Соли 2013 кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 14 гурӯҳи муташаккили ҷинояткорро фош намуда, 118 нафар аъзои ин гуруҳҳоро дастгир карданд. Дар ин бора муовини аввали Вазири корҳои дохилии ҶТ Абдураҳмон Бузмаков зимни вохӯрӣ бо журналистон хабар дод.
Маълум шуд, ки гурӯҳҳои ҷинояткор беш аз 90 ҷинояти вазнин содир намуда, аз ҷумла дастаҳои ғайриқонунии мусаллаҳ ва гуруҳу созмонҳои террористиро таъсис додаанд.
Назар ба хабари намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ, соли гузашта дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ 48 нафар аъзои созмонҳои террористӣ, аз ҷумла 31 нафар аъзои Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон, 17 нафар аъзои созмони «Ансоруллоҳ», 6 нафар аъзои Абдулло Раҳимов дастгир шуданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






