Густариши ҳамкориҳо дар саноат ва технологияҳои нав
Душанбе,24 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Имрӯз вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шавқат Бобоев бо ҳайати ҶДММ «Ширкати саноати куҳии Точикистону Хитой» таҳти роҳбарии ноиби Президенти ширкат Чан Чие Юан масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саноат ва технологияҳои навро баррасӣ намуданд.Тавре ки дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар доданд, мусоҳибон зимни мулоқот оид ба зиёд кардани ҳаҷми маҳсулоти саноатии содиршаванда, сохтмони коргоҳи металлургӣ дар шаҳраки Истиқлол (собиқ шаҳри Табошар) ва ҷалби сармоя ба Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.Ҷонибҳо инчунин ба паҳлӯҳои дигари ҳамкориҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун мавриди омӯзиши тарафҳо қарор хоҳанд гирифт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






