Хадамот ба мушкилоти муҳоҷирон расидагӣ мекунад
Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- Аз 1 январ то 24 январи соли 2014 ба бахшҳои қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеи он 3 ҳазору 114 нафар шаҳрванд муроҷиат намудааст. Аз ин шумора ба бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ 888 нафар, ба Раёсати назорати муҳоҷират дар нақлиёт (фурудгоҳ) 271 нафар, ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд 1026 нафар, ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон 308 нафар, дар ВМКБ 48 нафар, ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе 281 нафар ва ба намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Русия 285 нафар муроҷиат кардаанд.
Тавре сардори Бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷират Дӯстмурод Умбаров иттилоъ дод, дар ҳафтаи сипаригашта, аз 20 январ то 24 январ 1302 муроҷиат қабул гардид.
Вай афзуд, ки дар асоси муроҷиати шаҳрвандон бо мусоидати Хадамоти муҳоҷират ба се зани тоҷик иҷозати вуруд ба Федератсияи Русия дода шуд. Инҳо Гулшода Ғаюбова, Мақсуда Раҳмонова ва Хушнуда Хушмаҳмадова, ки моҳи сентябри соли 2013 бо масъалаи берун карданашон аз қаламрави Федератсияи Русия муроҷиат намуда буданд.
«Роҳбарияти Хадамот дар асоси аризаи онҳо ба роҳбарияти Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия ҷиҳати мусоидат ва ҳалли ин масъала мактуб ирсол намуд, ки дар натиҷа ба ин занон иҷозати ворид шудан дода шуд», — илова намуд Д. Умбаров.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта 35 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум тавассути мақомоти дахлдори Федератсияи Русия аз ин кишвар берун шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






