Хизматрасонӣ ба нафақагирон дар Муъминобод
Муъминобод, 13 январ. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Ба иттилои сардори раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод Хайрулло Бозоров шумораи нафақагирон дар ноҳия зиёда аз 6272 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 3355 нафарашон нафақагирони пиронсоланд. Ба гуфтаи манбаъ талаботи нафақа дар дар соли сипаригардида 14 млн. 421ҳазору 500 сомонӣ буд, ки он аз тарафи раёсат пурра маблағгузорӣ гардид. Маъюбон ва иштирокчиёни ҶБВ таҳти назорати қатъии кормандони раёсат қарор дошта, ба онҳо сари вақт хизмат расонида мешавад. Дар давоми соли сипаригардида аз тарафи мутахассисони раёсат 102 санҷиш оид ба ҳисоби дурусти хароҷот аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ гузаронида шуда, ба буҷа 3737 сомонӣ маблағ ворид карда шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






