Имсол истеҳсоли атлас чӣ тавр ба роҳ монда мешавад?
Душанбе, 31.01.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).-«Дар Тоҷикистон атлас истеҳсол мешавад, вале ба миқдори хеле кам. Мо ният дорем истеҳсоли ин матоъро хубтар ба роҳ монда, барориши онро зиёд намоем», — гуфт вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобоев 31 январ дар ҷараёни нишасти матбуотӣ.
Вазорат тасмим гирифтааст имсол ба корхонаҳое, ки атлас истеҳсол мекунанд, кӯмаки молиявӣ расонида, шумораи корхонаҳои атласбарориро зиёд намояд. Тибқи иттилои Шавкат Бобоев дар айни ҳол дар анбори «Хуҷандатлас» тақрибан 30 ҳазор метр матои тайёр мавҷуд аст, вале арзиши аслии он каме баланд мебошад. Яъне, нархи он ҳангоми харид гаронтар меафтад.
«Вале дар оянда дар ин самт бояд кор бурд ва ҳамаи паҳлуҳои ин масъаларо таҳлил намуд. Мо имсол ният дорем, ширкатҳоеро ҷалб намоем, ки имконияти пешпардохт намудани маблағи кори деҳқононро доранд. Соҳибкор бояд кафолати ҳосили тухмии аз хориҷа меовардаашро ба деҳқон диҳад, то дар охир бо баҳонаҳои гуногун аз маҳсулоти тайёр даст накашанд. Дар чунин ҳол деҳқонон низ барои кирмакпарварӣ фаъол хоҳанд гашт», — иброз дошт вазир.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






