Имзои созишнома
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Имсол корҳо барои татбиқи Лоиҳаи таҷдиду сохтмони системаҳои таъмини оби 7 деҳаи шаҳру ноҳияҳои Кулоб, Восеъ ва Панҷ оғоз меёбанд. Лоиҳаи мазкур дар ҳошияи Созишномаи лоиҳавии байни Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки рушди Осиё, ки соли 2013 имзо шуда буд, дар амал татбиқ мегардад. Директори генералии Корхонаи воҳида давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Тағоймуродов дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият дар соли 2013 дар ин бора изҳор дошт.Мувофиқи суханони Алимурод Тағоймуродов, чанде пеш гуфтушунид бо Бонки рушди Осиё анҷом ёфта ва вақтҳои наздиктарин Маркази татбиқи лоиҳа ташкил меёбад. Баъди таҳияи асноди дахлдор корҳо дар ҳошияи лоиҳа, ки маблағи умумии он 4 миллиону 900 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил медиҳад, шурӯъ мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






