Имзои созишнома дар бораи таҳсилоти фарогир
Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 29 январ Ассотсиатсияи кӯмаку дастгирии Ҷопон ва Сафорати ин кишвар Созишномаи бебозгашт дар бораи ривоҷи таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдудро имзо намуданд.
Дар маросими имзои созишнома муовини Вазири маориф ва илми ҶТ Тоҷинисо Маҳмадова ва Сафири Чопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хироюки Имахаши ширкат доштанд.
Тавре ки аз Ассотсиатсияи кӯмаку дастгирии Ҷопон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, баъди додани қарзи бебозгашт барои рущди таҳсилоти фарогири кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд, Ҷопон ба татбиқи лоиҳаи мазкур шурӯъ мекунад. Маблағи ин созишнома 329 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил медиҳад.
Мақсад аз ин лоиҳа дастгирии саъю кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди таҳсилоти фарогир дар ҳошияи татбиқи «Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд дар Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2015» мебошад. Дар доираи лоиҳа мактабҳои миёнаи № 28 ва № 72 – и шаҳри Душанбе аз нав сохта мешаванд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






