Интиқоди фаъолияти почтаи Тоҷикистон

Январь 28, 2014 12:11

Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар»,  Екатерина  Пасторова).- «Ҳангоми  ошкор  намудани  қонуншиканӣ   дар  роҳ  ҳамаи  маълумот  аз  коммутаторҳои  лоиҳаи «Шаҳри бехатар»  ба  бунгоҳи  диспетчерии  Бозрасии  давлатии   автомобилӣ  расида,  дар  асоси  онҳо  ба қонуншиканон   ҷарима  баста ва  ҳуҷҷатҳо тавассути  шӯъбаҳои  почтаи  шаҳр  ба онҳо  фиристода  мешаванд», —  гуфт  сардори  Раёсати Бозрасии  давлатии  автомобилии  ВКД ҶТ  Маҳмадсаид  Саидов  дар  ҷараёни  нишасти  матбуотӣ. 
 
Номбурда  ҳамчунин  қайд  намуд, ки  ниҳодҳои  почта   кори  худро ғайриқаноатбахш  иҷро  намуда, расидҳо дастраси  мизоҷон намегарданд, бинобар  ин   кормандони Бозразии  давлатии  автомобилӣ   маҷбуранд, ки  ҳуҷҷатҳоро  дар  бораи  ҷаримаҳо  худашон ба  манзили  қонуншканон расонанд.
 
Маҳмадсаид  Саидов  ҳамчунин  зикр  намуд, ки  бо  вуҷуди   душвориҳо   вазъи  пардохти  ҷаримаҳо  мӯътадил  аст.  Мувофиқи  суханони  ӯ,  дар  сурати тайи  1  моҳ  пардохт  нашудани ҷарима, парвандаи  ҷиноӣ  кушода,  хароҷоти  судӣ  аз ҷониби худи  қонуншиканон  пардохт  мешавад.

Январь 28, 2014 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш