Истеҳсоли картошка аз 1 миллион тонна зиёд шуд
Душанбе, 24 январ.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова)-«Дар соли 2013 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳаҷми 16 млрд. 757 млн. сомонӣ расид, ки назар ба солҳои қаблӣ ду баробар зиёд аст»,-иброз дошт Қосим Қосимов, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон. Вай ҳамчунин афзуд, ки соҳаи растанипарварӣ ба ҳаҷми зиёда аз 5 млрд. ва чорводорӣ зиёда аз 2 млрд. сомонӣ афзоиш ёфтааст. Гуфтан ҷоиз аст, ки ин соҳаҳо нисбат ба солҳои пешин рушд ёфтаанд. Масъалаи истеҳсоли соҳаи ғалладона зиёда аз 1 млн. тонна, пахта 392,8 ҳазор тонна, картошка зиёда аз 1 млн. тонна, сабзавот зиёда аз 1 млн. тонна, полезӣ 495,2 ҳазор тонна, мева 329,2 ҳазор тонна, гӯшт 172,9 ҳазор тонна, шир 828,1 ҳазор тонна, асал 3511 тонна, моҳӣ 1723 тонна истеҳсол гардидааст, ки ин нишондодҳо назар ба солҳои пеш хеле зиёд мебошанд. Аз суханҳои вазири кишоварзӣ бармеояд, ки агар ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2009 ҳамагӣ 203 ҳазору 786 тоннаро ташкил дода бошад, пас ин рақам дар соли 2013 ба 227 ҳазору 715 тонна расидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






