Истифодаи ангишт дар корхонаҳои саноатӣ
Душанбе, 31.01.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- Дар нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 31 январ баргузор гардид, фаъолияти вазорат дар соли 2013 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи маълумоти вазорат соли сипаригашта истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ 517,8 ҳазор тоннаро ташкил дода, талаботи муассисаҳои буҷавӣ 102,7 фоиз таъмин шуд. Фурӯши ангишт дар ин давра 482 ҳазор тоннаро ташкил дод.
«Солҳои охир аз сабаби коҳиш ёфтани ҳаҷми гази табиӣ дар ҷумҳурӣ талабот ба ангишт, махсусан аз ҷониби корхонаҳои истеҳсоли семент ба маротиб афзудааст»,- гуфт вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобоев.
Соли 2014 вазорат ният дорад ҳаҷми истеҳсоли ангиштро боз ҳам бештар кунад, зеро бештари корхонаҳое, ки бо гази табиӣ фаъолият доранд, низомҳои худро ба ангишт гузаронида истодаанд. Дар айни ҳол дар анборҳои корхонаҳо 77,1 ҳазор тонна ангишт захира шудааст.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






