Истифодаи кадом калимаҳо дар реклама манъ аст?

Январь 31, 2014 11:56

Душанбе, 31.01.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Мутобиқи қонун «Дар бораи реклама» истифодаи калимоти беҳамто, аввалин, ягона ва амсоли инҳо дар рекламаҳо манъ шудааст. Ин нукта зимни нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 январ зикр гардид. 
Сардори Хадамоти мазкур Абдусамад Раҷабов тазаккур дод, ки таҳлилу омӯзиши роликҳои рекламавӣ нишон дод, ки аз ҷониби баъзе муассисаҳо талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» сарфи назар мешавад. 
«Дар давоми соли 2013 ҷиҳати назорати риояи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дар бораи рекламаи берунӣ мавзӯи тарофаи «Аввалин»-и ҶСП «Индиго Тоҷикистон» бо истифодаи ибораҳои «Нархи ягона», «Дар дохили ҷумҳурӣ аз дақиқаи якум», «Нархи ягона дар дохили ҷумҳурӣ аз дақиқаи якум!»  мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбат ба рекламадиҳанда «Индиго Тоҷикистон», инчунин истеҳсолкунанда ва паҳнкунандагони рекламаи мазкур ҶДММ «Тено-торг-Сервис» ва ҶДММ «Толе» истеҳсоли парванда оғоз шуд», — илова намуд А. Раҷабов.
Ба иттилои ӯ дар натиҷа ҶСП «Индиго Тоҷикистон» ба андозаи дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима шуда, амрия дар бораи қатъ кардани вайронкунии қонунгузорӣ дар бораи реклама содир гардид.
Ба иттилои масъулини соҳа дар сурати бо ҳуҷҷат ва санадҳои лозимӣ тасдиқ намудани молу маҳсулот ё хизматрасонӣ истифодаи калимоти мазкур дар реклама имконпазир аст.  
 
 
 
 

Январь 31, 2014 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад