Истифодаи кадом калимаҳо дар реклама манъ аст?
Душанбе, 31.01.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Мутобиқи қонун «Дар бораи реклама» истифодаи калимоти беҳамто, аввалин, ягона ва амсоли инҳо дар рекламаҳо манъ шудааст. Ин нукта зимни нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 январ зикр гардид.
Сардори Хадамоти мазкур Абдусамад Раҷабов тазаккур дод, ки таҳлилу омӯзиши роликҳои рекламавӣ нишон дод, ки аз ҷониби баъзе муассисаҳо талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» сарфи назар мешавад.
«Дар давоми соли 2013 ҷиҳати назорати риояи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дар бораи рекламаи берунӣ мавзӯи тарофаи «Аввалин»-и ҶСП «Индиго Тоҷикистон» бо истифодаи ибораҳои «Нархи ягона», «Дар дохили ҷумҳурӣ аз дақиқаи якум», «Нархи ягона дар дохили ҷумҳурӣ аз дақиқаи якум!» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбат ба рекламадиҳанда «Индиго Тоҷикистон», инчунин истеҳсолкунанда ва паҳнкунандагони рекламаи мазкур ҶДММ «Тено-торг-Сервис» ва ҶДММ «Толе» истеҳсоли парванда оғоз шуд», — илова намуд А. Раҷабов.
Ба иттилои ӯ дар натиҷа ҶСП «Индиго Тоҷикистон» ба андозаи дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима шуда, амрия дар бораи қатъ кардани вайронкунии қонунгузорӣ дар бораи реклама содир гардид.
Ба иттилои масъулини соҳа дар сурати бо ҳуҷҷат ва санадҳои лозимӣ тасдиқ намудани молу маҳсулот ё хизматрасонӣ истифодаи калимоти мазкур дар реклама имконпазир аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






