Истихроҷи 517 ҳазор тонна ангишт дар соли 2013
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Корхонаҳои соҳаи ангишт баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар ва иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2013-2014», оид ба таъмини оҷилӣ бо маводи ниёзи аввал, аз ҷумла ангишт истихроҷи онро ба зиёда аз 517738 тонна расониданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,8 ҳазор тонна зиёд ё ки ба 223,2 фоизи иҷрои нақша баробар мебошад. Тавре ки дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар доданд, фурўши ангишт дар соли 2013 482074 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 57248 тонна зиёд мебошад. Гуфта мешавад дар айни замон дар анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт ва нуқтаҳои фурӯш зиёда аз 77,2 ҳазор тонна ангишт захира карда шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






