Изҳороти ВКХ оид ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар»). Ба аҳду паймони дар рафти комиссияи муштараки байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба демаркасия ва делимитатсияи сарҳад (7 январи соли ҷорӣ) дар бораи боздоштани корҳои сохтмонӣ дар роҳи “Кокташ-Оқсой-Тамдик” нигоҳ накарда, 11 январи соли 2014, тақрибан соати 12:20 ба вақти маҳаллӣ, бо истифода аз силоҳи оташфишон ҷониби қирғизистонӣ кӯшиши идома додани корҳои сохтмонӣ дар ҳудуде, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, кард. Ҳолати вайрон кардани сарҳади давлатиро мушоҳида карда, марзбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марзшиканон талаби қатъ кардани корҳои сохтмониро карданд. Дар ҷавоб ба талаботи ҷониби тоҷикистонӣ, марзбонони қирғиз, дар теъдоди то 20 нафар, сараввал дашномҳои қабеҳ ба марзбонони тоҷикистонӣ гуфта, баъдан бе огоҳии пешакӣ ба ҷониби онҳо пуршиддат тир кушоданд. Дар натиҷа ду марзбони тоҷик ҷароҳатҳо бардошта, дар ҳоли ҳозир дар беморхонаи ҳарбӣ қарор доранд. Дар ҳолати ночорӣ ва бо мақсади муҳофизат аз ҷони худ марзбонони тоҷикистонӣ дар ҷавоб тир кушоданд. Худи ҳамин рӯз, тақрибан соати 12.20 ба вақти маҳаллӣ, дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ-Қалъаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд намояндагони марзбонии постбонгоҳи ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ба марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик омада, аз марзбонони тоҷикистонӣ талаб намуданд, то бунгоҳи сарҳадбонии худро, ки барои ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда буд, бардоранд. Мақсади асосии ин талаботи онҳо — ибтидо бахшидан ба корҳои бемувофиқаи сохтмонии роҳи автомобилгарди Кулунду-Максат аз ҷониби Қирғизистон буд. Лозим ба ёдоварист, ки қаблан дар асоси супориши комиссияи муштараки байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба демаркасия ва делимитатсияи сарҳад, 9 январи соли 2014 дар шаҳри Исфара вохӯрии ҳайатҳои байниҳукуматӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрии дуҷониба масъалаҳои ҳамкорӣ миёни сарҳадбонони ду кишвар ва мақомоти корҳои дохила, бо мақсади муътадил намудани вазъ ва роҳ надодани вазъи низоъбарангез дар маҳалли Исфараю Баткен, ҷониба ба мувофиқа омаданд, ки қитъаҳои алоҳидаи марзи давлатӣ ва маҳали аҳолинишинро дар якҷоягӣ назорат мебаранд. Дар робита ба ин, ҷониби тоҷикистонӣ изҳори нигаронии худро оид ба ҳолати рухдода иброз медорад ва қайд менамояд, ки намоиш ва истифодаи қувва наметавонанд усули ҳалли масъалаҳои мубрам бошанд. Баръакс, ин рафтори ҷониби қирғизистонӣ ба муносибатҳои бисёрасраи бародарона ва ҳамҷавории ду кишвар латма мезананд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






