Кӯмаки Туркия барои коркарди маводи барӯйхатгирии кишоварзии ҶТ

Январь 2, 2014 10:06

Душанбе, 2 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Туркия бо мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коркарди маводи барӯйхатгирии кишоварзӣ кӯмаки техникӣ пешниҳод намуд. Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Туркия барои мақомоти марказӣ ва маҳалии омор техникаи компютерӣ, аз қабили 45 компютер ва 14 принтер харид ва тақдим намуд. Дар маросими расмии пешниҳоди кӯмаки техникӣ ҳамоҳангсози идораи Тоҷикистонии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Туркия — Абдулло Сари ширкат намуда, зикр кард, ки кӯмаки техникии мазкур барои гузаронидан ва коркарди маводи барӯйхатгирии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Тибқи иттилои директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Гулнора Ҳасанова, Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Туркия яке аз шариконе мебошад, ки ҷиҳати такмили соҳаи омор, баланд бардоштани малакаи кормандони соҳаи омор аз соли 2007 инҷониб 105 нафар кормандони мақомоти омори ҷумҳурӣ барои омӯхтани таҷрибаи пешбурди омори расмӣ дар мавзуъҳои гуногун дар Институти омори Туркия дар курсҳои омӯзишӣ ширкат доштанд. Ҳамчунин барои гузаронидани шабакаи ягонаи иттилоотӣ ва барӯйхатгирии аҳолӣ коршиносони омори Туркия ба Тоҷикистон омада, семинарҳои омӯзишӣ гузарониданд.

Январь 2, 2014 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад