Кӯмаки Туркия барои коркарди маводи барӯйхатгирии кишоварзии ҶТ
Душанбе, 2 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Туркия бо мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коркарди маводи барӯйхатгирии кишоварзӣ кӯмаки техникӣ пешниҳод намуд. Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Туркия барои мақомоти марказӣ ва маҳалии омор техникаи компютерӣ, аз қабили 45 компютер ва 14 принтер харид ва тақдим намуд. Дар маросими расмии пешниҳоди кӯмаки техникӣ ҳамоҳангсози идораи Тоҷикистонии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Туркия — Абдулло Сари ширкат намуда, зикр кард, ки кӯмаки техникии мазкур барои гузаронидан ва коркарди маводи барӯйхатгирии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Тибқи иттилои директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Гулнора Ҳасанова, Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Туркия яке аз шариконе мебошад, ки ҷиҳати такмили соҳаи омор, баланд бардоштани малакаи кормандони соҳаи омор аз соли 2007 инҷониб 105 нафар кормандони мақомоти омори ҷумҳурӣ барои омӯхтани таҷрибаи пешбурди омори расмӣ дар мавзуъҳои гуногун дар Институти омори Туркия дар курсҳои омӯзишӣ ширкат доштанд. Ҳамчунин барои гузаронидани шабакаи ягонаи иттилоотӣ ва барӯйхатгирии аҳолӣ коршиносони омори Туркия ба Тоҷикистон омада, семинарҳои омӯзишӣ гузарониданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






