Кӯшиши аз роҳи нав гузаронидани маводи мухаддир

Январь 20, 2014 15:18

Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 17 январ кормандони гумруки Арманистон дар бунгоҳи назоратии Мегрии сарҳади Арманистон бо Эрон мошини боркаши шаҳрванди Гурҷистонро аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба самти Гурҷистон ҳаракат мекард, дастгир намуданд. Назар ба хабари Агентии иттилооти REGNUM (РEГНУM), мошинро соҳиби он, шаҳрванди Гурҷистон Афтандил Мартиашвили идора мекард. Назар ба хабари Хадамоти амнияти миллии Арманистон, кормандони Хадамоти гумруки Кумитаи даромади давлатии Арманистон мошинро бо истифода аз асбоби рентгении Rapiscan (Репискен) муоина ва аз он 927 килограмму 600 грамм героинро мусодира намуданд. Мувофиқи арзёбии пешакӣ, арзиши он баробари беш аз 100 миллион доллари ИМА мебошад. Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти ҶТ дар бораи роҳи нави интиқоли героини Афғонистон ба васоити ахбори омма борҳо изҳор дошта буд. Ин роҳ иборат аз хатсайри қисми шимолии Баҳри Сиёҳ (Эрон — Озарбойҷон – Гурҷистон – Баҳри Сиёҳ) мебошад.  Мувофиқи маълумоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар Р.Назаров, солҳои охир ҳаҷми интиқоли героин тавассути хатсайри Баҳри Сиёҳ меафзояд, ки кӯшиши шаҳрванди Туркия бо мақсади тавассути Арманистону Гурҷистон аз Эрон ба Туркия интиқол додани 1 тонна героин далели ин аст.

Январь 20, 2014 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш