Корманди Пажӯҳишгоҳи астрофизика дастгир шуд
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар»).- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбат ба сардори яке аз гуруҳҳои тадқиқотии Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Насриддин Миниқулов парвандаи ҷиноӣ кушод. Мувофиқи иттиллои хадамоти матбуоти Агентии мазкур, номбурда ба хилофи қонун аз худ намудани маблағҳо гумон бурда мешавад. Назар ба хабари манбаъ, дар ҷараёни тафтиши фаъолияти молиявии Пажӯҳишгоҳи астрофизика маълум шуд, ки Насриддин Миниқулов аз соли 2011 то соли 2013 бо истифода аз мансабаш беш аз 108 ҳазору 400 сомониро аз худ кардааст. Бо тахмини ҳайати тафтишот маблағҳое, ки барои таъмири ҷории расадхонаҳои ноҳияҳои Данғара ва Ҳисор тахсис ёфта буданд, барои мақсадҳои шахсӣ истифода шуданд. «Нисбат ба Насриддин Миниқулов парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст», — гуфта мешавад дар хабари Агентии мубориза бо коррупсия.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






