Кумаки Хадамоти гумрук ба сокинони ноҳияи Мурғоб
Хоруғ, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Ҳавои ноҳияи дурафтодаи Мурғоб рӯз аз рӯз ба сардӣ мегаравад ва вобаста ба ин ниёзи мардум ба маводи сӯхт афзоиш меёбад. Ба гуфтаи раиси ин ноҳия Мирзобой Чошбоев дар масъалаи таъмини муассисаҳои таълимию табобатӣ онҳо ҳеҷ мушкилӣ надоранд, аммо иддае аз хонаводаҳои ниёзманд ба маводи сӯхт, ба вижа ангиштсанг ниёз доранд. Чунин шароитро ба назар гирифта, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 оилаи ниёзманд ва шахсони имконияташон маҳдудро бо ангиштсанг таъмин намуд. Дар ҳоле ки дар Мурғоб дараҷаи сардии ҳаво то ба 45 дараҷа мерасад, ин гуна кумаку дастгирӣ саривақтӣ ва муҳим мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






