Лату кӯб ва ғорати ошкорои сокини пойтахт
Душанбе, 14 январ (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Бино ба муроҷиати шаҳрванд Муҳаммадзевар ба ШКД дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ӯро шахси номаълум дар маҳаллаи 64-уми шаҳри Душанбе, бе ягон асос лату кӯб намуда, бо роҳи ошкоро аз дасташ телефони мобилии тамғаи «Nokia», ки арзишаш 200 доллари амрикоӣ будааст ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 700 доллари амрикоиашро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Сомонаи ВКД хабар медиҳад, ки зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони ғоратгарӣ шаҳрванд Наврӯз Назаров, соли таваллудаш 1990, сокини ш.Ваҳдат дастгир шуд. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






