Мақоми нишони матбуотчиён баланд мешавад
Душанбе, 11 январ.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-«Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта тибқи вазифаҳои оинномавӣ ва нақшаи тартибдодааш амал намуд»,-гуфт зимни ҷаласаи солона раиси Иттифоқ Акбаралӣ Сатторов. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи журналистон хабар доданд, Акбаралӣ Сатторов иттилоъ дод, ки дар ин муддат ҷамъоварии мавод барои китоби «Энсиклопедияи матбуоти тоҷик» идома ёфт, беш аз 70 нафар хабарнигори ВАО — и кишвар ва онҳое, ки бо васоити ахбори омма ҳамкории зич ва пурсамар доранд, ба узвияти ИЖТ қабул гардиданд. Манбаи электронии маълумот дар бораи аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба вуҷуд оварда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ ИЖТ якчанд лоиҳаро пиёда сохт. Аз ҷумла, ҳамроҳ бо ЮНИСЕФ — Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид дар мавзўи «Ҳуқуқи кўдак ва ВАО» дар Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд, Куҳистони Бадахшон, ноҳияи Рашт мизҳои гирд ва силсилаи омўзишҳоро доир намуд. Аъзои Раёсат оид ба фаъолияти Иттифоқ дар соли 2013 ва идомаи кор дар соли 2014 фикру мулоҳизаҳои хешро баён карданд. Аз ҷумла пешниҳод гардид, ки мақоми мукофоти ҳарсолаи Иттифоқи журналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва нишони “Аълочии матбуоти Тоҷикистон” баландтар бардошта шавад, вохўрии журналистони ҷавон бо барандагони мукофоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ташкил гардад, барои созмон додани осорхонаи таърихи журналистика иқдом карда шавад, ҳамроҳ бо Китобхонаи миллӣ мутолиаи матбуот дар китобхонаҳо тарғиб гардад. Ҳозирин фаъолияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро дар соли гузашта қаноатманд арзёбӣ намуда, нақшаи кори Иттифоқро барои соли 2014 бо назардошти пешниҳодҳои баёншуда қабул карданд.Тибқи нақшаи имсола Иттифоқи журналистони Тоҷикистон амали худро аз фаъолтар намудани сайти созмон шуруъ мекунад. Ба анҷом расонидани кор рўи китоби “Энсиклопедияи матбуоти тоҷик”, таъсиси бахши журналистони суратгир, клуби сармуҳаррирон, баргузории силсилаи суҳбатҳои мизи гирд, аз ҷумла дар мавзуъҳои “Вазъ ва дурнамои васоити ахбори омма ба забонҳои миллату халқиятҳои дигари кишвар”, “Нақши ВАО дар ташаккули фарҳангу маърифати зиддикоррупсионӣ” дар назар аст. Барои созмон додани осорхонаи таърихи журналистикаи Тоҷикистон гуруҳи корӣ таъсис хоҳад ёфт. Инчунин бо журналистони пойтахт ва маҳалҳо, донишҷўёни факултаҳои журналистикаи донишгоҳҳо силсилаи мулоқотҳо доир мегарданд. Барои барқарор намудани анъанаи солҳои пешин — таҳсили донишҷўёни факултаҳои журналистикаи донишгоҳҳои Тоҷикистон дар донишгоҳҳои маъруфи Русия кўшиш карда мешавад.








22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






