Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои дилхоҳ ба даст меорад
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Имсол имтиҳоноти қабул дар донишкадаҳои олии кишвар дар Маркази миллии тестӣ сурат мегирад. «Амалия нишон медиҳад, ки имсол баъзе донишкадаҳои олӣ донишҷӯёнро ба қадри кофӣ қабул намекунанд, вале мо бояд саъй кунем, ки ҳангоми дохил шудани онҳо ба донишкадаҳои олӣ стандартҳои байналмилалиро ба кор барем», — гуфт дар ин маврид муовини аввали Вазири маорифи ҶТ Раҳматулло Мирбобоев.Мувофиқи суханони директори Маркази миллии тестӣ Сабзалӣ Ҷаъфаров, маркази мазкур чор сол боз фаъолият дорад. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ бори аввал имтиҳони хонандагони синфҳои 10 ва 11 бо усули тестӣ сурат гирифт. Ҷамъ 7 ҳазор нафар хонандагон дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ бо ин усул имтиҳон супурданд. Сабзалӣ Ҷаъфаров ҳамчунин қайд намуд, ки маркази мазкур кормандони касбиро ба кор қабул кардааст. Бонки умумиҷаҳонӣ, Институти ҷомеаи кушодаи «Бунёди мадад», барномаи «Мусоидат ба таҳсилот» — и Русия ба маркази мазкур ёрии техникӣ расонида, онро бо адабиёти методӣ таъмин кардаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






